Skip to content Skip to footer

ОҒОЗИ Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Бохтар  

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо самимият ва эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд. Дар кори симпозиум намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон, коршиносони ватаниву хориҷӣ ва доираҳои илмӣ иштирок намуданд.

Нахуст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар паёми табрикии роҳбарияти олии мамлакатро ба самъи ҳозирин расонид. Зимни ироаи паём таъкид гардид, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни миллӣ аҳамияти махсус дорад.

Ҳамзамон, Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалиро барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои таърихиву илмии минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи кори симпозиум донишмандон ва коршиносон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ вобаста ба таърихи Хутали қадим, ҷойгоҳ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ-форсӣ, инчунин саҳми он дар ташаккули тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ маърузаҳо пешниҳод карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки Хутали қадим яке аз марказҳои муҳими ташаккули фарҳангу тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфта, омӯзиши ҳамаҷонибаи он барои шинохти амиқи таърихи миллат ва таҳкими заминаҳои илмии худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар доираи барномаи симпозиум меҳмонон инчунин аз мақбара ва хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуда, бо мероси ғании таърихиву фарҳангии минтақа аз наздик ошно гардиданд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур ҳамчун майдони муҳими табодули афкор миёни олимону муҳаққиқон арзёбӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Тибқи барномаи симпозиум, дар рӯзҳои минбаъда иштирокдорон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Балҷувон ва шаҳри Норак боздид хоҳанд намуд.