Аз 30 апрел то 2 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026 (BITF 2026)» иштирок намуда, гӯшаи миллии мамлакатро муаррифӣ карданд
Дар ин намоишгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ширкатҳои пешсафи соҳаи сайёҳӣ намояндагӣ карданд. Дар доираи намоишгоҳ иқтидори сайёҳии мамлакат, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир ва маҷмуи васеи маҳсулоти сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷараёни намоишгоҳ масъалаҳои пешбурди самтҳои сайёҳӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва сайёҳӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ, ташаккули масирҳои нав ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ якчанд мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, дурнамои ташкили ҳамкории шарикӣ ва густариши ҳамкориро баррасӣ карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои намоишгоҳ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «BITF 2026» ба пешбурди минбаъдаи иқтидори сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, густариши робитаҳои корӣ ва азхудкунии бозорҳои нав мусоидат намуда, аҳамияти намоишгоҳро ҳамчун платформаи муассир дар соҳаи сайёҳӣ бори дигар тасдиқ намуд.

