Шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — имрӯзҳо симои наву замонавӣ касб намуда, ба яке аз шаҳрҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Кӯчаву хиёбонҳои зебо, роҳравҳои тозаву озода ва биноҳои муосири баландошёна шаҳодат медиҳанд, ки шаҳр ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Имрӯз Душанбе на танҳо маркази сиёсиву иқтисодӣ, балки макони ҷолиби сайёҳӣ низ ба ҳисоб меравад.
Бо фаро расидани фасли баҳору тобистон, боғҳои пойтахт ба гӯшаҳои афсонавӣ табдил ёфта, гулҳои рангоранг — аз лолаҳои сурху зард то садбаргҳои муаттар — ба шаҳр ҳусни тоза мебахшанд. Меҳмонон ва сайёҳон аз табиати зебо, тозагӣ, амният ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ба ваҷд меоянд.
Ба гуфтаи сайёҳон, Душанбе шаҳри орому зебо буда, бо тарҳи муосир ва ҳамзамон ҳифзи арзишҳои миллӣ диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Ҳамзамон, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр пайваста такмил ёфта, имкониятҳои нав барои ҷалби сайёҳон фароҳам оварда мешаванд. Таъсиси ҷойҳои нави кор ва рушди бахши хизматрасонӣ ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 784 430 нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 19 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора, тақрибан 60 фоиз ё 1 070 658 нафар ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва роҳи оҳани пойтахт 370 539 сайёҳ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 66,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ин дастовардҳо ва эътирофҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Шаҳр дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, иқтисод ва густариши равобити фарҳангии байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

