Дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба аҳамияти таърихиву фарҳангии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шоирону адибон, олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо шоҳкори адабиёти форсу тоҷик, балки сарчашмаи муҳими маънавӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Иштирокдорон нақши асарро дар ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва тарғиби арзишҳои волои инсонӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, аҳамияти тарбиявии «Шоҳнома» дар ташаккули ахлоқи ҷавонон ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Олимону муҳаққиқон оид ба густариши таҳқиқоти шоҳномапажӯҳӣ, тарғиби мероси адабии ниёгон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳои ҳамзабон пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар муаррифии арзишҳои фарҳангии мардумони ориёинажод, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

