17 сентябри соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XI Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои — аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Агентӣ, генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.
Нахуст, дар доираи чорабинӣ роҳбарони ҳайатҳои Шӯро бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузури Ватанӣ дар Маҷмааи Ғалаба гулчанбар гузоштанд.
Ҷаласаи навбатии Шӯро дар бинои Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар кори он ба ғайр аз намояндагони ҷониби Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва масъулони мақомоти ваколатдори соҳаи муқовимат ба коррупсия аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯро фарогири масъалаҳои муҳими соҳавӣ буда, дар рафти он раванди муқовимат ба коррупсия дар давлатҳои — аъзои Шӯро, роҳҳои муосири муқовимат ба ин зуҳурот, мусодираи молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, гузаронидани экспертизаҳои зиддикоррупсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои паст кардани шиддати коррупсия ва дигар масъалаҳои муҳимми фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар раванди чорабинӣ директори Агентӣ — Султонзода С.С. суханронӣ намуда, роҷеъ ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, фаъолияти мақомот дар амалисозии он, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳия ва қабули қонунгузории муосири зиддикоррупсионӣ, натиҷаҳои бадастомада дар самти рақамикунонии фаъолият ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози андеша намуданд.
Аз натиҷаи баргузории ҷаласа қарорҳои Шӯро вобаста ба 12 масъала қабул карда шуданд, ки амалисозии он барои муттаҳид сохтани тадбирҳои аъзоёни Шӯро дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот дар минтақа таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар маҷмӯъ, ҷаласаи XI Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои — аъзои ИДМ дар фазои дӯстона, созанда ва эътимоди мутақобил баргузор гардида, натиҷаҳои он барои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои аъзо дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
