Дар шаҳри Бохтар ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои экологӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардиданд.
Дар аксия сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо,…
16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи…
16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба мустаҳкамкунии соҳилҳои…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 46 масъала қабул намуданд.
Зимни…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 47 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид…
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР
аз 15 июни соли 2026 №366 ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Солеҳзода А.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Солеҳзода Аюбҷон Маруф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод…
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Зебонисо Саидбек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хоҳиши худаш, Саъдуллозода Сайдо Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.…
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии…
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи хос…
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Қобили…
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:
1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи…
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки…

