Skip to content Skip to footer

Бохтар ба истиқболи 35-солагии Истиқлол: аксияҳои густурдаи экологӣ баргузор шуданд

Дар шаҳри Бохтар ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои экологӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардиданд.

Дар аксия сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва ихтиёриён фаъолона иштирок намуда, кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, роҳҳои автомобилгард ва соҳили каналҳову ҷӯйборҳоро тозаву озода намуданд.

Зимни чорабинӣ партовҳои маишӣ ҷамъоварӣ ва ба ҷойҳои махсус интиқол дода шуда, алафҳои худрӯй дарав ва дарахтону буттаҳои ороишӣ ба тартиб оварда шуданд. Ҳамчунин, дар як қатор мавзеъҳо корҳои сафедкунӣ, рангубор ва ободонии муҳити атроф анҷом дода шуд.

Масъулин ҳадафи чунин иқдомҳоро баланд бардоштани маърифати экологӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳифзи муҳити зист арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки корҳои ободонӣ ва тадбирҳои экологӣ дар шаҳри Бохтар дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.