Дар ноҳияи Шоҳмансур машқи ғайринақшавӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар ниҳодҳои марбута доир гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.
Дар доираи машқ дар маҳаллаҳои Муғулон, Сабзикор, Гулистон ва Ҳалқачар корҳои тозакунии каналу обгузарҳо ба роҳ монда шуданд. Бо ҷалби кормандони сохторҳои марбута ва сокинони маҳаллӣ беш аз 3 ҳазор метр каналу заҳбурҳо аз лойқа, партовҳои маишӣ ва дигар монеаҳо пурра тоза карда шуданд.
Ҳадафи асосии чунин иқдомҳо пешгирии хавфи обхезӣ, баланд бардоштани омодагии сохторҳои дахлдор ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Корҳо бо истифода аз техникаи махсус ва таҷҳизоти зарурӣ анҷом дода шуда, дар раванди он ба риояи қоидаҳои бехатарӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Ба гуфтаи масъулон, тозакунии саривақтии каналу обгузарҳо имкон медиҳад, ки дар мавсими боришоти зиёд ва обшавии барф хавфи сар задани ҳолатҳои фавқулода коҳиш ёбад.
Ҳамзамон, бо беҳтар гардидани ҳолати каналҳо, садҳо гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Қайд гардид, ки чунин тадбирҳо дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, ба таъмини амнияти сокинон ва рушди инфрасохтори коммуналӣ мусоидат хоҳанд кард.

