Skip to content Skip to footer

ДУШАНБЕ: фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор гардид

Дар боғи «Ирам» даври дуюми фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» бо иштироки васеи сокинон ва сайёҳони хориҷӣ бо шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати баланди худро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои қадима ба намоиш гузоштанд. Ҳар як асари пешниҳодгардида бозгӯи завқи баланд, нозукиҳои ҳунар ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон буд.

Ҳайати ҳакамон ба сатҳи иҷро, навоварӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ ва ҳамкории усто бо шогирд баҳои воқеъбинона доданд. Қобили зикр аст, ки робитаи устоду шогирд яке аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, чунин озмунҳо барои идомаи ин анъана ва тарбияи насли ҷавони ҳунарманд нақши муҳим мебозанд. Шогирдон дар баробари устодони худ ҳунар омӯхта, маҳорати худро такмил медиҳанд ва дар оянда метавонанд идомадиҳандаи ин роҳи пуршараф бошанд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва баромади ҳунармандони мардумӣ баргузор гардида, ба фазои идона ҳусни дигар бахшиданд. Сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва сокинони пойтахт аз ин намоиш дидан намуда, бо раванди офариниши асарҳои ҳунарӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин усто» ва «Беҳтарин шогирд» муайян гардида, бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд. Инчунин, ба як қатор иштирокчиёни фаъол барои саҳми назаррасашон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ифтихорнома тақдим гардид.

Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди миллӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар собит сохт, ки ҳунарҳои мардумии тоҷик дорои таърихи ғанӣ буда, нигоҳдорӣ ва рушди онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад.