Skip to content Skip to footer

мақоми аввал даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар вилояти суғд насиби шаҳри бӯстон шуд


Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд бо иштироки кадбонуҳо ва фаъолзанони 18 шаҳру ноҳияи вилоят даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон, инчунин рушди маҳорати омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани завқи кадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ баргузор карда шуд.
Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷавондухтарон ва кадбонуҳои фаъол аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо омодагии хуб иштирок намуданд. Иштирокдорон тибқи талаботи низомномаи озмун намудҳои гуногуни таомҳои миллию маҳаллӣ, нонҳои гуногун, хӯришҳо ва шириниҳои миллиро пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Зимни баргузории озмун маҳорати баланди кадбонуҳо, завқи баланди ҳунарӣ ва саҳми онҳо дар ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ мавриди баҳогузорӣ қарор гирифт ва дар натиҷа шаҳри Бӯстон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни мазкур шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.