Бо фаро расидани фасли баҳор, имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам васеъ гардида, сайёҳии кӯҳнавардӣ ҳамчун яке аз самтҳои ҷолибу серталаб таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад.
Манзараҳои нотакрори кӯҳсор, ҳавои мусоид ва гуногунрангии табиати кишвар барои рушди ин навъи сайёҳӣ шароити мувофиқ фароҳам меоранд. Тоҷикистон, ки беш аз 90 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои имкониятҳои фаровон барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ мебошад.
Минтақаҳои машҳури сайёҳии кӯҳнавардии мамлакат, аз ҷумла кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон, ҳамасола дар фасли баҳор ба яке аз самтҳои асосии саёҳати кӯҳнавардон табдил меёбанд. Баҳор бо ҳавои мулоим ва манзараҳои сабзу гулпӯш барои оғози мавсими кӯҳнавардӣ шароити мусоид фароҳам оварда, кушода шудани роҳҳои кӯҳӣ ва фаъол гардидани инфрасохтори сайёҳӣ ба зиёд шудани шумораи сайёҳон мусоидат мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ҳавои тоза, қуллаҳои баланд ва имконияти таҷрибаи саёҳати экстремалӣ дар муҳити амну осуда аз ҷумлаи омилҳои асосии ҷалби сайёҳон ба ин самт арзёбӣ мешаванд.
Дар баробари ин, рушди сайёҳӣ барои пешрафт ва муаррифии ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни кишвар низ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, коршиносон таъкид мекунанд, ки барои рушди минбаъдаи сайёҳии кӯҳнавардӣ зарур аст масъалаҳои амният, омодасозии роҳбаладони касбӣ ва муаррифии бештари имкониятҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ тақвият дода шаванд.
Ба таъкиди мутахассисон, фасли баҳор яке аз муҳимтарин ва мусоидтарин давраҳо барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Бо истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ ва рушди инфрасохтори муосир, ин самт метавонад ба яке аз манбаъҳои муҳими ҷалби сайёҳон ва рушди иқтисоди миллӣ табдил ёбад.

