Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва Рӯзномаи ҷаҳонии об дар шаҳри Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути чораҳои парламентӣ» баргузор гардид.
Семинар бо ташаббуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ доир шуда, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Авруосиё ва Ҷумҳурии Туркия, масъулони Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро ба ҳам овард.
Дар маркази муҳокима масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об, рушди устувор, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва нақши парлумонҳо дар татбиқи сиёсати иқлимӣ қарор доштанд.
Зимни ифтитоҳи семинар таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим имрӯз аз доираи масъалаи сирф экологӣ берун рафта, ба омили таъсиргузор ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҳамчунин зикр шуд, ки афзоиши офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об зарурати қабули қарорҳои муштарак ва ҳамоҳангшудаи сиёсиро ба миён овардааст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ яке аз давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим маҳсуб ёфта, обшавии пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёмадҳои ҷиддӣ дорад. Дар ин замина, аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим махсус таъкид шуд. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун дастоварди муҳими дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз тақрибан 98 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол шуда, кишварро ба яке аз давлатҳои пешсаф дар истифодаи энергияи тоза табдил додааст.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими механизмҳои маблағгузории иқлимӣ, ҷалби сармоягузории «сабз» ва таъмини дастрасии баробар ба технологияҳои муосири экологӣ таъкид карданд.

