Skip to content Skip to footer

ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ 2-ЮМИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 
Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, таърихи қадима ва мероси ғании фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои фарох дорад. Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали 2-юми рушди сайёҳии дохилӣ баргузор гардид. Дар доираи ин фестивал хатсайрҳои сайёҳӣ низ ташкил карда шуданд.  

Дар доираи Фестивали 2-юми рушди сайёҳии дохилӣ, ки дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардид, як қатор хатсайрҳои сайёҳӣ роҳандозӣ шуданд. Дар маросими ифтитоҳи фестивал ва оғози мавсими сайёҳии дохилӣ масъулон иброз доштанд, ки ҳадафи асосии ташкили ин хатсайрҳо муаррифии имкониятҳои бойи сайёҳии мамлакат, ҷалби шаҳрвандон ба саёҳати дохилӣ ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои сайёҳии кишвар мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки роҳбарияти олии кишвар соҳаи сайёҳиро ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

 
Рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи давлат ва истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ ва фарҳангӣ босуръат идома дорад. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва муаррифии васеи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои ҷолиб ва дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ табдил ёбад.

Иштирокчиёни Фестивали 2-юми рушди сайёҳии дохилӣ аз шаҳри Душанбе тибқи хатсайрҳои муайяншуда ба минтақаҳои сайёҳии Ромит, Чилдухтарон, Нуробод, Рашт, Искандаркӯл ва Ховалинг сафар намуданд.

Leave a comment