Имрӯз дар «Кохи Сомон» бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маросими расмии ифтитоҳи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар он инчунин ҳайатҳо ва намояндагони 54 давлати аъзои ФАО, роҳбарони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, намояндаагони корпуси дипломатӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Сарвазири кишвар иброз дошт, ки ин конфронси муҳим ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд. Дар тӯли солҳои рушди соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон роҳи дурро тай намуда, ба суботи назарраси макроиқтисодӣ ноил гардид.
Таъкид гардид, ки дар ин давра маҳсулоти умумии мамлакат 3,4 баробар ва даромади аҳолӣ 6 баробар афзуд. Ин дастовардҳои бунёдии иқтисодӣ имкон доданд, ки вазифаи асосии иҷтимоӣ, то ба 19 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ба 77 сол расонидани давомнокии миёнаи умри шаҳрвандонамон ҳал гарданд. Соҳаи кишоварзӣ ба қувваи боэътимоди ин рушд табдил ёфта, дар давоми панҷ соли охир қариб ду баробар зиёд шудани истеҳсоли маҳсулотро нишон дод.
Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030, ки соли 2025 қабул шудааст, идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Сари вақт ва хушсифат ба амал баровардани ин барнома ба мо имконият медиҳад, ки дар панҷсолаи наздик ба комёбиҳои зерин ноил шавем:
— маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ду баробар зиёд гардад;
— сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад;
— ҳиссаи синфи миёна ба 50 фоиз расонида шавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра дар мамлакат рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 8,7 дарсад пешбинӣ гардид.
«Мо вазифаҳои калони соҳавӣ гузоштаем: афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, хизмати пулакӣ 11,7 фоиз, соҳаи кишоварзӣ 8,5 фоиз гардад. Соҳаи кишоварзӣ маҳаки иқтисодиёти мо боқӣ монда, беш аз 60 дарсади аҳолиро бо кор таъмин менамояд ва чоряки маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад», — илова намуд Қоҳир Расулзода.
Таъкид карда шуд, ки об, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо унсурҳои ногусастанӣ мебошанд, ки асоси системаҳои кишоварзии моро дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Аммо, мутаассифона, тағирёбии иқлим, фишори демографӣ, фарсудашавии инфрасохтор ва рақобати афзоянда байни бахшҳо боиси норасоии захираҳо ва эҷоди муомилоти мураккаб мегарданд, ки қарорҳои мутавозинро талаб мекунанд.
Иброз гардид, ки мавҷудияти об торафт хатарноктар мегардад. Дар Осиёи Марказӣ, ки кишоварзӣ асосан ба обёрӣ такя мекунад, мо ба фишори афзояндаи обшавии пиряхҳо, динамикаи мураккаби захираҳои обҳои фаромарзӣ ва рушди рақобатпазири гидроэнергетика дучор мешавем.
Ҳамзамон Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки таназзули экосистема, дар навбати худ, устувории системаҳои об ва озуқавории моро заиф карда, давраи шадиди осебпазирии экологӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Ин равандҳои динамикӣ зарурати мутлақи татбиқи равиши экосистемаи об-энергия-озуқавориро (WEFE Nexus) барои муайян кардани идоракунии самараноки мубодилаи ногузир равшан нишон медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон, ки қариб 85 фоизи истифодаи об ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, аз рақобат ба ҳамкории байнисоҳавӣ чораҳои зарӯрӣ андешидем.
«Мо дар назди худ ҳадафи бузург гузоштаем: то соли 2030 дар 50 фоизи заминҳои обёришаванда технологияи сарфаи обро ҷорӣ кунем. Дар Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани системаи озуқаворӣ фаъолона корбарӣ карда мешавад. Рушди хоҷагиҳои хурду миёна, ки дар таъмини амнияти озуқавории маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд, дастгирӣ мегарданд. Ба рушди чорводорию парандапарварӣ, инчунин саноати коркард таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад», — гуфт дар фарҷом Қоҳир Расулзода.

