Skip to content Skip to footer

Осорхонаи Рӯдакӣ — оинаи таъриху фарҳанги тоҷикон дар Панҷакент

Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент яке аз марказҳои муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Ин муассиса соли 1958 ба ифтихори 1100-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъсис ёфтааст.

Айни замон дар фонди осорхона наздики 70 ҳазор нигора нигоҳдорӣ мешавад, ки қисми зиёди онҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Экспонатҳо дар ҳашт толор мутобиқ ба давраҳои гуногуни таърихӣ ҷойгир буда, аз таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бостонии халқи тоҷик ҳикоят мекунанд.

Ҳамасола то 20 ҳазор нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон аз осорхона дидан намуда, бо мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ошно мегарданд.

Дар баробари фаъолияти намоишӣ, осорхона ба корҳои илмиву фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, мунтазам конфронсҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои гуногун баргузор менамояд.

Осорхонаи Рӯдакӣ имрӯз ҳамчун як маркази муҳими ҳифз, омӯзиш ва муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар таҳкими худшиносии миллӣ саҳми арзанда мегузорад.