Дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии сол — мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2026 аз рӯи намуди ҷудо бо суръати баланд идома доранд. Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, ки макони асосии баргузории рақобатҳо интихоб шудааст, аллакай барои қабули варзишгарон ва меҳмонон омода гардида истодааст.
Дар ин иншооти варзишӣ корҳои насби таҷҳизот, омодасозии толори мусобиқа ва фароҳамсозии шароити мусоид барои варзишгарону меҳмонон ба анҷом расидаанд. Айни замон мутахассисон ба омода намудани таҷҳизоти атрофи гилеми рақобат ва анҷом додани дигар тадбирҳои ҷузъии майдони рақобати паҳлавонон машғул мебошанд.
Ҳамзамон, корҳои ороишӣ бо истифода аз рамзҳои миллӣ ва нишонаҳои расмии мусобиқа анҷом дода шудаанд, то барои иштирокчиён ва тамошобинон муҳити идона ва хотирмон фароҳам гардад.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, ҳамаи тадбирҳои омодагӣ тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии ҷудо амалӣ гардида, ҳадаф дар сатҳи баланд баргузор намудани ин мусобиқаи бонуфуз мебошад.
Интизор меравад, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони номдор аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат намуда, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои арзишманд рақобат намоянд.
Баргузории чунин мусобиқаҳо на танҳо барои рушди намуди ҷудо, балки барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 39 варзишгар — 28 мард ва 11 зан намояндагӣ мекунанд. Мухлисон аз варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаи бонуфуз интизори натиҷаҳои арзанда ва ҳунарнамоии шоиста доранд.
Қобили зикр аст, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евро-ро ташкил медиҳад.
Ғолибони медали тилло дар ҳар вазн бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

