Skip to content Skip to footer

ДАР ТУРСУНЗОДА 95 ФОИЗИ ИНШООТҲОИ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БА ИҶРО РАСИДАНД

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорону сокинони ватандӯст дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангӣ ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бунёди 459 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз беш аз 95 фоизи корҳои пешбинишуда ба анҷом расидаанд. Дар ин замина, сохтмони боқимондаи иншоотҳо тибқи нақша идома дошта, барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом ёфтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 72 адад ба соҳаи маориф рост меояд. Айни ҳол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Ҳадафи асосии татбиқи ин лоиҳаҳо беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, рушди инфрасохтори шаҳр ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.