Skip to content Skip to footer

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ: АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ

10 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ таҷлил мегардад. Ин сана ба қадршиносии ҳунармандон, ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаррифии арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ бахшида шудааст.

Ҳунарҳои дастӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таърих ва фарҳанги миллати тоҷик буда, тӯли асрҳо аз насл ба насл мерос мондаанд. Арҷгузорӣ ба фаъолияти ҳунармандон барои рушди минбаъдаи истеъдод ва маҳорати онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Рӯзи ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ соли 2010 бо ташаббуси Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ (World Crafts Council), ки бо ЮНЕСКО ҳамкорӣ дорад, таъсис ёфтааст. Ин сана ҳамчун рамзи пайванди анъанаҳои миллӣ ва тамоюлҳои муосир дар соҳаи ҳунарҳои дастӣ интихоб шудааст.

Имрӯз навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва кандакорӣ, миёни мардум маҳбубияти хос дошта, дар муаррифии фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд. Ҳунармандон дар баробари офаридани маҳсулоти арзишманд ба омӯзиши ҷавонон ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб низ саҳми назаррас мегузоранд.

Маҳсулоти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохиливу байналмилалӣ муаррифӣ гардида, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон буда, барои ҳифзи мероси фарҳангии миллат, рушди сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.