Дар доираи тадбирҳои бунёдкорона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ ба самти бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ бештар гардида, барои рушди ин соҳа имкониятҳои мусоид ва созгор фароҳам оварда истодааст.
Дар ин замина, дар ноҳияи Мастчоҳ як қатор иншоот бо тарҳи муосир, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва дорои унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди деҳоти ҷамоати Мастчоҳ, дар шафати роҳ ва болои наҳр, иншооти хизматрасонии иҷтимоӣ — маркази таомҳои миллӣ бо номи “Дидори дӯст” бунёд гардида, барои фаъолият омода мебошад. Ин марказ дар самти истиқболи меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо сатҳи баланд омодагӣ дорад.
Маҷмуан, ин иншоот дорои толори калон ва утоқҳои алоҳида бо тарҳу намои зебо буда, барои хизматрасонии босифат муҳайё карда шудааст. Дастандаркорон тасмим доранд, ки номгӯи гуногуни таомҳои миллиро бо маҳорати баланди касбӣ ва сатҳи хуби хизматрасонӣ пешкаши меҳмонон намоянд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин мегарданд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи меҳмонхонаҳо дар ноҳия ба се адад расида, бунёди боз чанд меҳмонхонаи дигар низ дар назар дошта шудааст.
Ба гуфтаи Ҳафизхон Файзиев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, бунёди чунин иншоот барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, меҳмонхонаи “Раҳимӣ”, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ҷойгир аст, дорои тамоми шароити зарурии будубош мебошад. Меҳмонхона аз 13 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули аз 1 то 3 нафар меҳмонро дар ҳуҷраҳои алоҳида фароҳам меорад.
Бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои хурд, тарабхонаҳо ва чойхонаҳои миллӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, ҳифзу муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ва пешниҳоди сатҳи баланди хизматрасонӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими мутобиқсозии соҳаи сайёҳӣ ба талаботи замони муосир арзёбӣ мегардад.

