Skip to content Skip to footer

Дар дУШАНБЕ мастер-класси байналмилалӣ оид ба рӯзноманигории сайёҳӣ баргузор гардид

Дар доираи Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор таҳти унвони «Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ва Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, мастер-класси байналмилалӣ таҳти унвони «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва мутахассисони байналмилалӣ иштирок намуда, доир ба тамоюлҳои нави рушди рӯзноманигории сайёҳӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, эҷоди муҳтавои ҷолиб ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар табодули назар карданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки имрӯз рӯзноманигории сайёҳӣ танҳо ба пешниҳоди маълумоти умумӣ маҳдуд набуда, балки ба воситаи муҳими муаррифии фарҳанг, табиат ва мероси таърихии кишвар табдил ёфтааст. Дар ин замина, истифодаи платформаҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, наворҳои кӯтоҳи видеоӣ ва аксҳои касбӣ барои ҷалби аудитория ва муаррифии муассири имкониятҳои сайёҳӣ нақши калидӣ доранд.

Ҳамзамон, иштирокчиён таҷрибаи пешқадами худро дар самти таҳияи гузоришҳои муосир, истифодаи усулҳои сторителлинг ва роҳҳои ҷалби бештари аудитория пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, риояи меъёрҳои байналмилалии ахлоқи касбӣ ва пешниҳоди иттилооти дақиқу ҷолиб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки муаррифии дурусти имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон метавонад ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Дар фарҷоми мастер-класс миёни иштирокчиён мубодилаи таҷриба сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, барои рушди минбаъдаи рӯзноманигории сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид.