Skip to content Skip to footer

БАРГУЗОРИИ Саммити байналмилалии ректорон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», Саммити байналмилалии ректорон таҳти унвони «Донишгоҳҳои оянда: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ва чорабинии бошукӯҳи Наврӯзӣ баргузор гардид.

 Пеш аз оғози қисмати расмӣ, меҳмонон дар барномаи фарҳангии Наврӯзӣ ва намоиши анъанаҳои миллӣ иштирок карда, бо фарҳангу суннатҳои тоҷикона аз наздик шинос шуданд.

      Қисмати расмии саммит бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ оғоз ёфта, дар он аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди донишгоҳҳои «сабз», рақамикунонии равандҳои таълим ва истифодаи технологияҳои ҳушманд дар низоми таҳсилоти олӣ таъкид гардид.

      Зимни саммит масъалаҳои муҳими рушди устувори низоми таҳсилот, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳо, роҳандозии барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва табодули устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

        Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорон омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуда, чунин чорабиниҳоро заминаи муҳим барои мубодилаи дониш ва таҷриба арзёбӣ карданд.