Бо фаро расидани таътили тобистона ва анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, маъракаи фарогирии хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона дар саросари ҷумҳурӣ оғоз гардидааст. Дар ҳамин замина, дар шаҳри Душанбе маросими гусели басти аввали хонандагони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ баргузор шуд.
Маросими расмии оғози истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар бинои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини соҳаи маориф, сохторҳои дахлдор ва волидайни хонандагон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳамасола пас аз анҷоми соли таҳсил барои фароҳам овардани шароити муносиби истироҳат, солимгардонӣ ва рушди маънавии кӯдакону наврасон онҳо ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи маълумоти масъулон, дар басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» 250 нафар кӯдакону наврасон фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 40 нафарро тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе ташкил дода, қисми дигари иштирокчиён аз оилаҳои ниёзманд ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар назди 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур истироҳатгоҳҳои тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардида, садҳо хонанда дар онҳо ба чорабиниҳои фароғатӣ ва омӯзишӣ ҷалб мешаванд.
Басти аввали истироҳатгоҳ то 22 июни соли ҷорӣ идома ёфта, дар ин муддат барои кӯдакон барномаҳои гуногуни омӯзишӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ роҳандозӣ мегарданд. Барои таъмини бехатарӣ, нигоҳубин ва беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони соҳавӣ роҳбаладону мураббиён ҷалб шудаанд.
Пас аз анҷоми маросими расмӣ кӯдакону наврасон бо автобусҳо ба истироҳатгоҳи «Зимчуруд» сафар намуда, ба истироҳати тобистонаи худ оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона то анҷоми таътили тобистона идома ёфта, кӯдакону наврасон дар чор баст ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

