Skip to content Skip to footer

ДАР БОХТАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ «ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ» БО ШУКӮҲИ ХОС БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар назди майдони Нишони давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳри Бохтар, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва сокинону меҳмонони шаҳр доир шуд.

Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, маҳсули эҷоди хонандагон, корҳои ҳунармандӣ ва гӯшаҳои таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби бонувони фаъоли соҳаи маориф омода гардида буданд, боздид намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллӣ буда, маҳз дар заминаи он Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ноил шудааст. Зикр шуд, ки истиқлолият ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ватандӯстӣ барои рушди устувори кишвар ва зиндагии осоиштаи мардум замина фароҳам овардааст.

Дар доираи чорабинӣ инчунин маросими қадрдонии ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид. Зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати фарҳангии ҳамоиш бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ, рақсу таронаҳои миллӣ ва барномаҳои ҳунарии бахшида ба Ватан ва Истиқлолият идома ёфт.

Барномаи фарҳангии «Шукӯҳи Истиқлол» дар фазои идона баргузор шуда, дар таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузошт.