Skip to content Skip to footer

«Корвони Наврӯзӣ» -И БОХТАР

Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар барномаи бошукӯҳи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ» бо фазои идона ва садои карнаю сурнай баргузор гардида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ба сокинону меҳмонони вилояти Хатлон мужда расонид.

Дар ин ҳамоиши идона беш аз 10 ҳазор нафар ширкат варзида, барномаи рангин ва пурмуҳтаворо тамошо карданд. Чорабинӣ фарогири анъанаву русуми миллӣ, суннатҳои дерина ва ойинҳои наврӯзии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, бо шеваи ҷолиб пешкаш гардид.

Дар ҷараёни барнома баромадҳои ҳунармандон, рақсу таронаҳои халқӣ, саҳнаҳои театрӣ ва намоиши расму ойинҳои миллӣ пешниҳод шуда, ваҳдати миллӣ ва гуногунрангии фарҳангии кишварро инъикос намуд. Таъкид гардид, ки «Корвони Наврӯзӣ» ҳамчун анъанаи неку созанда имрӯз ба ҷузъи муҳими таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Leave a comment