Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози ҷашни Наврӯзи байналмиллалиро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд.
Расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пӯхтани таоми миллии суманак, афрухтани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳои ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ шукуҳи ҷашнгоҳро шаҳомати бештар бахшид.
Дар баробари сокинон, меҳмонони пойтахт, ки маҳз ҷиҳати иштирок дар тантаҳои ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз сатҳи баланди истиқболи ҷашни Наврӯз изҳори хушнудӣ карданд.
Дар ин субгоҳӣ, ки фазои Боғи Ғалабаи пойтахт накҳати Наврӯзи хуҷастаро дошт, шодию сурури иштирокчиёни ин чорабиниро ҳаду канор набуд. Ҳамагӣ мераксиданду аз омадани Наврӯзи хуҷастапай меболиданд.
Ҳамин аст, истиқлолу озодӣ, Ҳамин аст арҷгузорӣ ба расму оинҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик…
Пас аз афрухтани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳои ҷашни Наврӯз, корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар кӯчаҳои пойтахт ба сокинону меҳмонон муждаи фарорасии Соли нави аҷдодиро бо шиорҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» расониданд.

