Имрӯз, 25 ноябри соли 2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол — 2026” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардид.
Ҳадафи асосии баргузории озмун ҳифзу нигоҳдории мероси фарҳангии ғайримоддӣ, эҳё ва рушди анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, инчунин дастгириву ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд.
Баргузории чунин озмунҳо дар самти ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии истеъдодҳои нав ва интиқоли таҷрибаи ҳунармандӣ ба наслҳои оянда аҳаммияти муҳим дорад.
