21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод, пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Ҷавононро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави маъмурӣ дорои 11 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгоҳ ва китобхонаи электронӣ мебошад. Фароҳам гардидани чунин шароити мусоиди корӣ барои беҳтар намудани фаъолияти кормандони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинони ҷамоат имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди иншооти мазкур муҳайё намудани шароити муносиб барои қабули шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоиву маъмурии аҳолии ҷамоат мебошад.
Сохтмони бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватандӯст амалӣ гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 22 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Иншооти муҳимми дигари иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак дар деҳаи Ҷонварсузи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад.
Ин муассиса дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии муассиса соли 2026 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шудааст. Бинои муассиса якошёна буда, аз 8 ҳуҷраи таълимӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар он барои таълиму тарбияи кӯдакон ва фаъолияти мураббиёну кормандон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо 4 маркази барвақтии инкишофи кӯдак дар деҳоти Дӯстмурод Алиев, Чашмасор, Меҳробод ва деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод низ ба таври фосилавӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бунёди чунин муассисаҳои соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва бо мақсади тавсеаи заминаҳои таълиму тарбияи томактабӣ дар деҳот амалӣ гардидааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, сохтмони марказҳои мазкур соли 2025 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом расонида шудааст.
Ҳар кадоме аз биноҳои навбунёд дорои 6 ҳуҷра мебошанд. Барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ ва фаъолияти кормандон шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар ҳудуди ҳар як марказ ҳамчунин майдончаи варзишӣ бунёд шудааст.
Ҳар яке аз ин марказҳо барои қабули 50 кӯдак пешбинӣ шуда, раванди таълиму тарбия дар ду гурӯҳ ба роҳ монда мешавад. Барои ин кор ду омӯзгор ҷалб гардида, муҳити муносиб барои ташаккули малакаҳои ибтидоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Ҳамин тариқ, бо мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои инкишофи барвақтӣ дар маҷмуъ барои 200 кӯдак имкони фарогирӣ бо таълиму тарбия дар муҳити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир фароҳам мегардад.
Марказҳои мазкур дар ноҳияи Файзобод дар доираи Лоиҳаи рушди барвақтии кӯдакон барои тақвияти сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди зинаи ибтидоии низоми маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари таълимӣ барои кӯдакон равона шудаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти соҳаи маориф қадами муҳим дар самти таҳкими заминаҳои таълиму тарбияи томактабӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, махсусан барои кӯдакони деҳоти дурдаст, мусоид хоҳад буд. Ҳамзамон, ин тадбирҳо имкониятҳои дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои таҳсилоти томактабӣ васеъ намуда, барои тарбияи насли соҳибмаърифат, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

