Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026» дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, шарикони рушд, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба кори худ оғоз намуд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои нави рушди минтақа мебошад.
Пеш аз оғози қисми расмӣ меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ боздид намуда, бо дастовардҳои бахшҳои саноат, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоти ватанӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум таъкид гардид, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо захираҳои бойи табиӣ, имкониятҳои фаровони гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ барои сармоягузорон муҳити мусоид фароҳам овардааст.
Зикр шуд, ки татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ заминаҳои устувор муҳайё кардааст.
Дар доираи форум беш аз 50 лоиҳаи омодаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, инфрасохтор, тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок муаррифӣ мегарданд.
Ҳамзамон, баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон, нишастҳои соҳавӣ ва маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ байни шарикони тиҷоратӣ дар назар аст.
Натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2026» ба ҷалби сармояи нав, татбиқи тарҳҳои муҳими иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат намуда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувори минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

