Skip to content Skip to footer

«Red Bus Tours»: Дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳӢ оғоз гардид

  Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» расман оғоз гардид. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» амалӣ шуда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои фарҳангиву таърихии пойтахт равона гардидааст.

Маросими оғози мавсими нав аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида, автобусҳои дуқабата бо ҳамроҳии сокинон ва меҳмонони пойтахт ба хатсайри навбатии сайёҳӣ роҳ пеш гирифтанд. Ба муносибати оғози мавсими нав дар рӯзи аввал саёҳат барои иштирокдорон ба таври ройгон ташкил карда шуд.

Зимни сафар иштирокчиён аз назди муҳимтарин иншооти фарҳангӣ, таърихӣ, маъмурӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе гузашта, бо симои муосири пойтахт ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд. Роҳбаладон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оид ба таърихи шаҳр, имкониятҳои сайёҳӣ ва нақши Душанбе ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Барномаи сайёҳӣ бо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ғанӣ гардонида шуда, меҳмонон имконият пайдо карданд, ки дар баробари тамошои шаҳр бо фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷикон низ ошно шаванд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Red Bus Tours», ки аз соли 2024 роҳандозӣ гардидааст, имрӯз ба яке аз маҳсулоти ҷолиби сайёҳии пойтахт табдил ёфта, дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ саҳми назаррас мегузорад.