Таҳти унвони «Поси хотири Қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки омӯзгорон, олимону донишмандон ва донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ филми мустанад доир ба рӯзгор, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба намоиш гузошта шуд. Дар филм саҳми арзишманди ин шахсиятҳои таърихӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон бозтоб ёфт.
Зимни суханрониҳо ва пешниҳоди маърузаҳо таъкид гардид, ки дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун рамзи эҳёи хотираи миллӣ, адолати таърихӣ ва бедории маънавии миллат ҷовидона боқӣ мемонанд. Қайд карда шуд, ки иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён дар доираи мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ҳамчун таҷассуми сиёсати эҳёи адолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Эҳёи адолати таърихӣ ва нақши қаҳрамонони миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон» ва «Қудуми ин мусофир қаҳрамонҳоят муборак, Тоҷикистонам» ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки омӯзиши корнамоиҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи миллӣ барои тарбияи насли ватандӯсту худшинос аҳаммияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин иқдомҳои арзишманди давлатдорӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро тақвият мебахшад.

