Дар шаҳри Абузабӣ бо ташаббуси муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.
Тавре ба аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, дар брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, аз қабили шабакаи телевизионии “Abu Dhabi TV”, нашрияҳои “Al Ittihad”, “Al Bayan”, “Gulf News”, “The National”, Агентии миллии иттилоотии “WAM News”, инчунин коршиносони ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид дар Аморот иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Беранжер Бёлл ва Сардори раёсати энергетика ва рушди устувори Вазорати корҳои хориҷии Аморот Шайима Ҳусейн Гаргаш суханронӣ намуданд.
Ашрафҷон Гулов роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим суханронӣ намуда, шарҳи мухтасари ҳадаф, афзалият ва натиҷаҳои интизории Конфронси оби Душанбе, хусусан нақши онро дар густариши муколамаҳои ҷаҳонӣ оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва саҳмгузорӣ дар пешбурди конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 (шаҳри Абузабӣ) ва 2028 (шаҳри Душанбе) пешниҳод кард.
Дар идома навори таблиғотӣ ва рӯнамои фарогири маълумоти зарурӣ доир ба масоили муҳтавоӣ, тадорукотӣ ва ташрифотии Конфронси оби Душанбе пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

