Тоҷикистон бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои дилфиреби кӯҳистонаш аз ҷумлаи кишварҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар миёни ин ҳама зебоиҳои табиӣ, кӯли Аловиддин дар ноҳияи Айнӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои мафтункунандаи қаторкӯҳҳои Фон таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат ва саёҳатро ба худ ҷалб менамояд.
Ин гӯшаи афсонавии кӯҳистон бо обҳои мусаффо, ҳавои соф ва манзараҳои мафтункунандааш миёни меҳмонони дохиливу хориҷӣ маҳбубияти хос дорад.
Ҳанӯз аз масофаи дур манзараи кӯҳҳои барфпӯши сарбафалаккаши атроф пеши назар ҷилвагар мегардад. Ҳангоми расидан ба соҳили кӯл бошад, зебоии табиат ба инсон эҳсоси дигар мебахшад. Оби кӯл чунон софу шаффоф аст, ки инъикоси кӯҳҳо ва абрҳои осмонро метавон дар он ба таври возеҳ мушоҳида кард. Насими фораму ҳавои салқини кӯҳӣ ба инсон эҳсоси оромӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, бо гарм шудани ҳаво ва фаро расидани фасли тобистон шумораи сайёҳон дар ин минтақа ба маротиб афзоиш меёбад. Аксари меҳмонон барои истироҳат, аксбардорӣ, тамошои манзараҳои нодири кӯҳистон ва баҳра бурдан аз ҳавои тозаву мусаффо ба ин ҷо меоянд.
Кӯли Аловиддин барои дӯстдорони саёҳати кӯҳӣ низ яке аз мавзеъҳои мувофиқ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз ҷавонон ва гурӯҳҳои сайёҳӣ раҳпаймоиҳои кӯҳии худро маҳз аз ҳамин минтақа оғоз намуда, аз табиати рангоранг ва зебои атроф баҳра мебаранд.
Имрӯз кӯли Аловиддин ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон дар муаррифии имкониятҳои туристии кишвар саҳми назаррас дорад. Бо дастгирии давлат ва рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ ба чунин мавзеъҳои нодири табиӣ бештар гардида, барои ҷалби меҳмонони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, сокинони маҳаллӣ низ бо ҳифзи муҳити зист ва пешниҳоди хизматрасониҳои зарурӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Табиати кӯли Аловиддин дар ҳар фасл зебоии хоси худро дорад. Агар дар фасли тобистон ин мавзеъ пур аз меҳмонон ва хаймаҳои сайёҳӣ бошад, дар рӯзҳои сард оромии кӯҳистон ва садои табиат бештар эҳсос мешавад. Маҳз ҳамин оромӣ ва зебоии дастнохӯрда ба инсон эҳсоси наздикӣ бо табиатро мебахшад. Ҳар нафаре, ки ба ин мавзеи дилфиреб сафар мекунад, бо хотираҳои нек ва таассуроти фаромӯшнопазир бозмегардад.

