Skip to content Skip to footer

Таҳкими оила — заминаи суботи ҷомеа ва тарбияи насли солим

Таҳкими оила ва ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро оилаи солим омили асосии суботи ҷомеа, пешрафти давлат ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.Ҳамасола 15-уми май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад.

Ин сана бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 эълон гардида, ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳими оила, таҳкими муносибатҳои хонаводагӣ ва ҳифзи арзишҳои оилавӣ мебошад.

Оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа дар ташаккули маънавиёти инсон, тарбияи фарзандон ва таҳкими сулҳу субот нақши калидӣ дорад. Маҳз дар муҳити оила инсон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги муошират, меҳру муҳаббат, масъулиятшиносӣ ва ҳамдигарфаҳмиро меомӯзад.

Аз ин рӯ, устувории оила яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад.Бо мақсади дастгирии оилаҳо ва беҳтар намудани муносибатҳои хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои ҳифзи манфиатҳои оила, таъмини муҳити солими иҷтимоӣ ва тарбияи дурусти фарзандон заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки оила асоси ҷомеа ва сарчашмаи тарбияи насли солим мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи дурусти фарзандон имрӯз низ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.