Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди ҳунаромӯзӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали соли 2026 Раёсати агентӣ 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор намуда, 117 нафарро бо ҷойи кор таъмин ва 370 нафарро ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб кардааст.
Ҳамзамон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба дарёфти ҷойи кор ва омӯзиши касбу ҳунар мавриди баррасӣ қарор гирифта, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра 1337 шаҳрванд муроҷиат намуда, аз ин шумора 637 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. 370 нафар бошад, аз рӯи ихтисосҳои оператор, дӯзанда, қолинбоф, қаннод-ошпаз, адрасбоф ва сӯзанидӯз ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Ба иттилои Фирӯз Искандаров, сардори раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, дар ҳудуди ноҳия Маркази омӯзиши калонсолон фаъолият дорад, ки аз рӯи зиёда аз 20 намуди касбу ҳунар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил менамояд.
Зикр гардид, ки пас аз хатми курсҳо шунавандагон бо шаҳодатномаи тахассусӣ таъмин гардида, имкони ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ мутобиқ ба ихтисоси худ пайдо мекунанд. Бештари хатмкунандагон фаъолияти мустақилонаро оғоз намуда, шароити зиндагии худро беҳтар месозанд.

