Skip to content Skip to footer

ДАР ХУРОСОН ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ» БО ШУКӮҲИ ХОС БАРГУЗОР ШУД

Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки доираи васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ роҳандозӣ шудааст. Зикр гардид, ки асари безаволи Шоҳнома ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқу маърифат дар тарбияи маънавии насли ҷавон нақши муҳим дорад.

Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 ин асари нодир ба ҳар хонадони кишвар тақдим гардид, ки барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва боло бурдани завқи адабии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба гуфтаи аъзои ҳакамон, имрӯз наврасону ҷавонон бо дастрасии васеъ ба «Шоҳнома» бо шавқу рағбати зиёд дар озмун иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷида истодаанд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, дар даври ноҳиявӣ 400 нафар довталаб, аз ҷумла 270 нафар духтарон аз гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ иштирок намуданд. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба адабиёти классикӣ ва мероси фарҳангии миллӣ шаҳодат медиҳад.

Таъкид шуд, ки аз ҳадафҳои асосии озмун арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, омӯзиши корномаҳои таърихии миллат, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳофизаи таърихӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон мебошад.

Дар маҷмӯъ, баргузории чунин озмунҳо ба рушди фарҳанги китобхонӣ, ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии маънавӣ ва ташаккули насли донишманду худогоҳ мусоидат намуда, дар таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва муаррифии нақши миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад.