Skip to content Skip to footer

ДУШАНБЕ: баргузории даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг»

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Фестивал-озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯи 3 номинатсия доир гардида, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимаи маҳал, рӯзмарра, маросимӣ ва идона, расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, навъи гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш ва беҳтарин навори видеоӣ оид ба фаъолияти тарроҳону ҳунармандони пойтахт ба роҳ монда, манзури меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гардид.

Дар фарҷоми даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.