4–5 июн дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи форум ва намоиш муаррифии иқтидори сайёҳии минтақа, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар назар аст, ки дар он намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.
«Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» унвон гирифтани форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ бесабаб нест, чун вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд ва баргузории ин форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ метавонад дар ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ замина гузорад.

