Skip to content Skip to footer

Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии озмунИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» сазовори Шоҳҷоиза гардид

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон шаҳри Хоруғ соҳиби Шоҳҷоиза шуда, ноҳияи Роштқалъа ҷойи якум, Шуғнон — ҷойи дуюм ва ноҳияи Мурғоб мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида шуд.

Иброз гардид, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар ин соли таърихӣ баргузор намудани чунин фестивал–озмунҳо зарур буда, мақсад аз он густариши ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таомҳои қадимӣ ва замонавӣ мебошад.

Ба ҳунари иштирокчиён аз рӯи якчанд меъёр, аз ҷумла ороиши дастархон, маҳорати пухтупаз, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, инчунин муаррифии шифоҳии онҳо баҳо гузошта шуда, беҳтаринҳо соҳиби Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи бештари таомҳои миллии азбайнрафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имсол соли ҳаштум аст, ки ин озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.