Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз гардид, ки дар он дар он зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 мамлакат ва 25 минтақаи ҷаҳон иштирок доранд.
Ҳадафи форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногун мебошад.
Дар вилояти Суғд бунёди даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ идома дошта, то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин иншоот ба таъсиси ҷойи нави кор, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» мусоидат мекунанд.
Вилояти Суғд бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят шаҳодати равшани имконияти фаровони он аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли аҳолӣ вилояти Суғд метавонад ба яке аз марказҳои пешрафтаи сайёҳии минтақа табдил ёбад.

