16 ноябр дар тақвими ҷашнҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Ин санаи муҳими таърихӣ таҷассумгари эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолу озодӣ ва гиромидошти хизматҳои арзандаи роҳбарияти олии кишвар дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба ободонии мамлакат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намуданд.
Ҳамзамон, бо ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор мавқеи муҳим пайдо карданд. Ин ташаббусҳо обрӯву нуфузи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ муаррифӣ намуданд.
Дар баробари ин, рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодиву фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои бузурги табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, барои муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор, мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои васеи сайёҳӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб менамояд.
Маҳз дар ҳамин замина, нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион, дар инъикоси дастовардҳои даврони истиқлолият, тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳифзу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ бо истифода аз имкониятҳои эҷодиву техникии худ дар инъикоси раванди ободониву созандагӣ, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ва таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, моро ба қадршиносии истиқлолу озодӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватани азиз ҳидоят менамояд. Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар бозгӯи масъулияти бузург дар назди имрӯзу ояндаи миллат ва давлат мебошад.
Бо чунин андешаҳои созанда, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар арзёбӣ намуд.
