Дар доираи Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» иштирокдорон ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, аз маҷмааи таърихии Ҳулбук боздид ба амал оварданд.
Идомаи барномаи илмӣ ва фарҳангии симпозиум дар ноҳияи Восеъ сурат гирифта, иштирокдорон, ки аз доираҳои илмӣ, фарҳангӣ ва пажӯҳишии дохилу хориҷи кишвар гирди ҳам омадаанд, бо яке аз муҳимтарин ёдгориҳои тамаддуни бостонии тоҷикон — Ҳулбуки қадим аз наздик шинос шуданд.
Нахуст меҳмонон дар назди Қалъаи Ҳулбук бо эҳтироми хоса истиқбол гирифта шуда, сипас аз ҳудуди Шаҳристони Ҳулбук ва маҳалли ҳафриёти бостоншиносӣ боздид намуданд. Осори таърихии дар ин минтақа кашфшуда, аз ҷумла бозёфтҳои нодири фарҳангиву моддӣ, бори дигар аҳамияти ин мавзеъро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии асрҳои миёна таъкид намуд.
Дар ҷараёни боздид таваҷҷуҳи иштирокдорон бештар ба ёдгориҳое ҷалб гардид, ки аз сатҳи баланди фарҳанг, ҳунармандӣ ва давлатдории сокинони ин сарзамин шаҳодат медиҳанд. Ба таъкиди муҳаққиқон, Ҳулбук на танҳо мероси арзишманди таърихӣ, балки ойинаи тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбад ва омӯзиши амиқи он метавонад саҳифаҳои муҳими таърихи миллатро рӯшан намояд.
Дар идомаи барнома иштирокдорони симпозиум аз осорхонаи маҷмааи таърихии Ҳулбук боздид намуда, бо нигораҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ шинос шуданд. Осори ба намоиш гузошташуда, ки давраҳои гуногуни рушди Хутали қадимро фаро мегиранд, ҳамчун далели нақши муҳими ин минтақа дар ташаккули фарҳанг ва давлатдории мардумони Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардиданд.
Нимаи дуюми рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» манзури иштирокдорони симпозиум гардонида шуд. Дар филм таърихи пурифтихори Хутал, ҷойгоҳи ин сарзамини куҳан дар ташаккули забон ва фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ, инчунин саҳми он дар тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ дар заминаи далелҳои таърихӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ инъикос ёфтааст.
Бархӯрди мустақим бо ёдгориҳои таърихӣ ва шиносоӣ бо мероси моддиву маънавии Хутали қадим ба иштирокдорони симпозиум имкон фароҳам овард, то аҳамияти ин ганҷинаи нодири таърихиро аз наздик дарк намоянд. Зеро ҳифз, омӯзиш ва муаррифии чунин мероси беназир на танҳо василаи эҳёи хотираи таърихӣ, балки омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Тибқи барномаи симпозиум, иштирокдорон дар рӯзҳои баъдӣ аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Балҷувон ва шаҳри Норак боздид хоҳанд кард.

