Skip to content Skip to footer

 Шиносоии ҳайати хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти нашриёти «Муосир»      

Сафари ҳайати хабарнигорони Қирғизистон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ, дар нашриёти «Мусоир» идома ёфт.

Ҳайати меҳмононро намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини соҳа ҳамроҳӣ намуда, дар бораи дурнамои рушди соҳаи табъу нашр, татбиқи технологияҳои нав ва имкониятҳои ҳамкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зимни шиносоӣ ҳайати расонаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон аз раванди пурраи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ — аз омодасозии мавод то марҳилаи ниҳоии чоп ва банду басти китобу маҷаллаҳо аз наздик шинос шуданд.

     Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки нашриёти «Мусоир» бо истифода аз таҷҳизоти муосири полиграфӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, имрӯз дар чопи адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, илмӣ, дарсӣ ва маҷаллаҳо саҳми назаррас дорад.  

       Дар фарҷоми боздид, рӯзноманигорон аз фаъолияти нашриёти «Мусоир» таассуроти нек бардошта, омодагии худро барои муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табъу нашри Тоҷикистон дар фазои иттилоотии кишвари худ иброз намуданд.