14 март дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи дарёҳо, истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Ин сана аз баргузории нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи дарёҳо, ки моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия баргузор гардида буд, сарчашма мегирад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан 947 дарё ҷорӣ шуда, дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр мерасад.
Аз ҷумла, дарёҳои Амударё, Сирдарё, Панҷ, Зарафшон, Вахш ва Кофарниҳон аз муҳимтарин дарёҳои кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дарёҳо барои рушди иқтисодиёт, кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аҳамияти бузург доранд. Ҳамзамон онҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ низ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Манзараҳои зебои табиӣ, соҳилҳои дарёҳо, кӯҳҳои баланд ва табиати нотакрори Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд. Дар соҳилҳои баъзе дарёҳо имконияти рушди сайёҳии экологӣ, варзиши обӣ, истироҳат дар табиат ва саёҳатҳои кӯҳӣ мавҷуд мебошад.
Бисёр сайёҳон барои тамошои манзараҳои зебои дарёҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла дарёҳои Варзоб, Искандардарё ва Фондарё ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

