Skip to content Skip to footer

МАТБУОТ ВА САЙЁҲӢ

             Имсол аз таъсиси матбуоти тоҷик 114 сол сипарӣ мешавад. Оғози он ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» рост меояд, ки соли 1912 ба табъ расида, заминаи рушди матбуоти миллӣ гардид.

      Аз ҳамон давра то имрӯз расонаҳои тоҷик ҳамчун минбари андеша ва оинаи ҷомеа хизмат мекунанд.

      Имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди воситаҳои ахбори омма ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

         Таъсиси телевизиону радио, маҷаллаву газетаҳои соҳавӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳлили  бахшҳои мухталиф аз ҷониби намояндагони ВАО рушди тамоми самту соаҳоро дар кишвар таъмин кардааст.

Аз ҷумла, таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таҳти № 271” таъсис ёфта, 1 апрели соли 2022 пахши расмии барномаҳои телевизион ба эфир оғоз гардид, заминаи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муаррифии зарфиятҳои ин ду соҳа дар берун аз кишвар гардидааст.

            Бояд зикр кард, ки телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади истифодаи иқтидорҳои воқеии шаҳру деҳоти мамлакат ва рушди онҳо, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муаррифии табиати зебоманзари кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, инчунин эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ бо пешниҳоди раҳбарияти олии мамлакат таъсис ёфтааст.

Имрӯз кормандони телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои марбута, таҳияи барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, инчунин чорабиниҳои дигаре, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд, ташкили барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи хизматрасониҳо, таҳияи видоероликҳои гуногуни муаррифгари кишвари дорои мавзеъҳои сайёҳию маконҳои таърихӣ, мардумони ҳунарманду ташаббускор машғул мебошанд.

Дар ин рӯзи фархунда, Рӯзи матбуоти тоҷик  Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ба кулли кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва аҳли қалами мамлакат дар иҷрои рисолати касбӣ барору муваффақиятҳо орзу менамояд.