13 адад мусаввараҳои рассомоне, ки дар мавзӯҳои гуногун вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, сарчашмаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи криосфера офарида шудаанд, дар намоише, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва дар доираи қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ба маъраз гузошта шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки намоиши мазкур дар ҳошияи конференсияи илмӣ-амалие, ки Осорхонаи миллӣ зери унвони «Тоҷикистон — маркази байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» доир намуд, роҳандозӣ гардид.
Дар кори конфронси илмӣ-амалӣ доираи васеи олимон, муҳаққиқон, коршиносони соҳаи экология, иқлим ва география вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳифзи криосфера маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ҷонибдорӣ аз иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи обу иклим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Точикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо» дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» фаъолият менамояд, ки меҳмонону сайёҳон бо тамошо аз ин макон таассуроти нек бардошта, доир ба манбаъхои обӣ ва иқдомҳои байналмилалии кишвар огоҳӣ пайдо мекунанд.

Ҳамзамон, дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон аз толори пиряхҳо ва гӯшаи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳои шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

