Skip to content Skip to footer

Баррасии масъалаи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони федератсия, намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар масъулон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки барои иҷрои қарори мазкур андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ ҳатмӣ мебошад. Аз ҷумла, тибқи нақша то 1 июн сохторҳои масъул бояд корҳои сохтмонӣ ва таъмириро ба анҷом расонида, лагерҳои шаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардониро бо биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳо пурра муҷаҳҳаз намоянд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки федератсия вазифадор аст роҳхатҳоро барои гурӯҳҳои гуногуни кӯдакон, аз ҷумла ятимон, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногун таъмин намояд. Роҳхатҳо инчунин ба кӯдакони мактаб-интернатҳо дода мешаванд.

Илова бар ин, масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки роҳбарии методӣ, ташкили чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ва таъмин намудани лагерҳо бо кадрҳои баландихтисоси педагогиро ба роҳ монанд.