Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлолият дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон» ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи муҳими фарҳанг ва мероси миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар доираи чорабинии фарҳангӣ намоиши дӯзандагӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳои анъанавӣ баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи меҳмонон ва иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Дар намоиш маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, корҳои чӯбин ва маҳсулоти оҳангарӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳар як намуна бо маҳорати баланд омода гардида, таҷассумгари завқи зебоипарастӣ, ҳунармандӣ ва суннатҳои миллии тоҷикон буд.
Чунин чорабиниҳо барои муаррифӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши мероси фарҳангии ниёгон аҳамияти муҳим доранд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун василаи пайванди наслҳо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон нақши муассир мебозанд.
Чорабинӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардида, дар он масъулин, фаъолон ва доираи васеи сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро фароҳам овард. Дар ин замина, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бунёди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва густариши корҳои созандагиву ободонӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба пояҳои Истиқлоли давлатӣ, давлатдории навини тоҷикон, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки насли имрӯз бояд арзиши истиқлолиятро хуб дарк намуда, барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои миллӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар саҳми муносиб гузорад. Яке аз мавзуъҳои муҳими ҳамоиш баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии аҳолӣ буд.
Дар ин замина, зарурати риояи қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа таъкид гардид. Махсусан, ба масъалаи пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонун ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ метавонад барои пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб заминаи устувор фароҳам оварад.
Дар бахши дигари ҳамоиш дастовардҳои ноҳияи Дӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар солҳои истиқлол ноҳия дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин замина, ба нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, иброз шуд, ки фазои сулҳу субот яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва татбиқи барномаҳои созандагиву ободонӣ мебошад.
Дар бахши дигари чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи васеи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Ҳамоиш дар ноҳияи Дӯстӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, бо муҳтавои маърифативу фарҳангии худ ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими эҳтиром ба Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷомеа ба корҳои созанда аҳамияти муҳим дорад.

