Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони шуҷои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Осорхонаи миллӣ роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи кишвар андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки Осорхонаи миллӣ ҳамчун ниҳоди ҳифз ва муаррификунандаи таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик, имрӯз дар муаррифии шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик, махусан сарбозони далеру шуҷо гомҳои устувор мегузорад ва роҳандозии намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” яке аз иқдомҳои муассиса дар ин самт арзёбӣ мегардад.

“Муҳорибаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ”, “Сарҳадчиён”, “Нури ситораи дур”, “Симои Исмоили Сомонӣ”, “Бозгашти писар” ва “Симои аввалин гурӯҳи занҳои милитсияи тоҷик” аз шумори асарҳои санъати тасвирие мебошанд, ки бо маҳорати баланди бадеӣ эҷод шуда, доир ба шуҷоату мардонагии муҳофизони сарзамини аҷдодӣ қисса мекунанд, бори нахуст аз фонди Осорхонаи миллӣ дар ин намоиши ҷашнӣ пешкаши тамошобинон гардидонида шуданд.
Намоиши “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” то санаи 3 марти соли 2026 идома меёбад.
Ёдовар бояд шуд, ки тасмими дигари Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 33–солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи рӯзҳои таҷлили ин ҷашн ҷалби беш аз 2000 нафар афсарону сарбозон ба тамошои экспозитсия ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон мебошад, ки ин иқдом ҷиҳати шиносоии бештари сарбозону афсарон бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мусоидат мекунад.

