Бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ рӯзҳои 4–5 июни соли равон дар ноҳияи Муъминобод Форуми байналмилалӣ ва намоиши сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои масъулон, чорабинии мазкур дар мавзеи сайёҳии «Чилдухтарон» доир шуда, дар он намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Коршиносон афзоиши ҳамасолаи шумораи сайёҳони хориҷиро дар вилояти Хатлон натиҷаи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла форуми «Марҳабо ба Хатлон» ва дигар намоишгоҳҳои соҳавӣ арзёбӣ менамоянд.
Мавзеи «Чилдухтарон» ҳамчун яке аз зеботарин маконҳои табиии ҷануби Тоҷикистон ба меҳмонон имконият фароҳам меорад, ки бо манзараҳои нотакрори кӯҳистон, таъриху ривоятҳои маҳаллӣ ва фарҳанги мардумии минтақа аз наздик шинос шаванд.
Дар доираи форум намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ташкил гардида, иштирокчиён бо анъанаҳои миллӣ ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа шинос хоҳанд шуд.
Бино ба маълумоти Шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб, соли 2025 ба ноҳияи Муъминобод 110 ҳазору 781 нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 107 ҳазору 942 нафар сайёҳони дохилӣ ва 2 ҳазору 839 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар семоҳаи аввали соли 2026 ба вилоят зиёда аз 344 ҳазор сайёҳ ворид гардидааст. Интизор меравад, ки баргузории Форуми байналмилалии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» ба афзоиши бештари ҷараёни сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа мусоидат намояд.

