Бо фаро расидани фасли баҳор, табиат дар ҳар гӯшаи Ватан эҳё мешавад. Дар талу теппаҳои ноҳияи Хуросон шукуфтани гули сияҳгӯш аз омадани фасли зеботарини сол -баҳори гулбадомон мужда медиҳад.
Рӯзҳои охир бо гарм омадани ҳарорати ҳаво талу тепаҳо, махсусан шафати шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, ҳудуди ноҳияи Хуросон гулпӯш аст.
Имрӯз ҳар як сайёҳе, ки аз ин масир гузар мекунад, ҳатман аз рангорангии табиати нотакрор, ки бо гули сияҳгӯш зинат ёфтааст, баҳравар мегардад.
Гули сияҳгӯш — номи ин гули зебои муждаоваранда аз хусусияти зоҳириаш сарчашма мегирад. Ин гул бештар дар доманакӯҳҳо ва теппаҳои офтобгири минтақа мерӯяд ва одатан дар рӯзҳои нахустини гармшавии ҳаво шукуфта, ба табиат ҳусни дигар мебахшад.
Гули сияҳгӯш барои мардум танҳо як гиёҳ нест, балки рамзи зебоӣ, покӣ ва навсозист. Дар ашъору таронаҳо низ васфи гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла сияҳгӯш, ҷойгоҳи хос дорад.

